Ссылки доступа

Парвандаи нави "фасодкорӣ" дар вазорати дифои Қазоқистон


Даҳ гумонбари парвандаи нави фасодкорӣ дар вазорати дифои Қазоқистон ҳабс шудаанд. Чунин ҷанҷоли фасодкорӣ аз замони ба мансаб нишастани вазири нави мудофиа Имангалӣ Тасмагамбетов, дар тирамоҳи соли 2014, бори аввал аст, ки рух медиҳад.

Пештар аз ин КДАМ-и Қазоқистон хабар дода буд, ки "8 август муовини сардори шуъбаи асосии таъминоти модию техникии нерӯҳои мудофиа Тулемис Жумақозиев бо 20 миллион танга (муодили 59 ҳазор доллар)-и нақди пора ба даст афтодааст".

Гумонбарони парвандаи порагирӣ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Ба ҷуз аз мансабдорони вазорати мудофиа, чанд мансабдори дигар аз вазорати молияи он кишвар ва ҳамчунин сохторҳои хусусӣ дар ин парванда гумонбар дониста шудаанд.

"Дар ҳоли ҳозир роҷеъ ба дуздии маблағҳои буҷа дар доираи харидҳои давлатӣ барои эҳтиёҷоти вазорати мудофиа чораҳои фаврӣ-тафтишоӣ идома доранд", - хабар медиҳад вазорати мудофиа.

XS
SM
MD
LG