Ссылки доступа

Даъвати ба қатъи таъқиби рӯзноманигори қирғиз Орунбеков


Кумитаи ҳимоят аз озодии баён (КҲОБ) даъват дорад, кормандони пулиси Қирғизистон, ки ба зиндагии шахсии рӯзноманигор Диёрбек Орумбеков дахолат кардаанд муҷозот шаванд.

Дар ин бора кумита ба унвони раҳбарияти Додситонии кул, ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиатнома низ фиристодааст.

Ин созмон аз дахолати пулис ба ҳаётии шахсии Орунбеков шадидан ибрози нигаронӣ карда, қайд намудааст, ки рӯзноманигор аз мақомоти тафтишотию додгоҳӣ пинҳон нашуда, ҳангоми даъват сари вақт ҳозир гардидааст. "Ҳамчунин зидди рӯзноманигор дар робита ба иҷро накардани қарори додгоҳ парванда боз шудааст ва ин назорати пинҳонии зиндагии ӯро тақозо намекунад", - омадааст дар мурочиатномаи кумита.

Қаблан рӯзноманигор Орунбеков гуфта буд, ки аз нигоҳи равонӣ ба ӯ фишор меоранд. Ба гуфтаи Орунбеков, вай таҳти назорати кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвараш қарор дорад.

Ёдрас мешавем, Додситонии кулли Қирғизистон барои ҳимояти шаъну шарафи президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев аз болои Диёрбек Орумбеков шикоят кард. Бар пояи ин даъво, рӯзноманигор гӯиё дар яке аз матлабҳояш Отамбоев ва аъзои дигари ҳукумати муваққатии кишварашро сабабгори ҳаводиси моҳи июни соли 2010 хондааст.

Додгоҳ рӯзноманигорро вазифадор кард, ки ба президенти Қирғизистон ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ду миллион сом пардохт кунад. Ибтидои моҳи августи соли равон зидди Диёрбек Орунбеков бо гуноҳи "сарпечӣ аз иҷрои қарори додгоҳ" парванда боз ва берун рафтанаш аз шаҳри Бишкек низ манъ шуд.

XS
SM
MD
LG