Ссылки доступа

Ҳалокати 10 нафар дар чоҳи обҳои партовии Ҷиззах


Дар ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон даҳ нафар дар пойгоҳои обкашҳо аз газ нафасгир шуда, фавтидаанд. Ҳамчунин се тани дигар ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Ҷиззах бистарианд.

Тавре кормандони Идораи хатти лӯлаи гази ширкати саҳҳомии "Узтрансгаз" дар Ғаллаорол иттилоъ доданд, ҳодиса субҳи 20 август дар пойгоҳи насосҳои оби партови ноҳия рух додааст. Ба гуфтаи онҳо, муҳандисон, мутахассисон ва сохтмончиён барои рафъи камбуд пайи ҳам ба чоҳи фозилоб, ки 6 метр чуқурӣ дошт, фаромадаанд. Дар натиҷа аз гази рӯи об ҷамъгардида нафасгир шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир чоҳе, ки дар он обкашҳо ҷойгиранд, баста шудааст. Барои таҳқиқи омилҳои ҳодиса аз Тошканд як гуруҳи фаврӣ омадааст. Раҳбарияти Идораи хатти лӯлаи гази Ғаллаорол бар ин аст, ки эҳтимол дорад дар чуқурие, ки муҳаррикҳои обкаш ҷойгиранд, гази азоти заҳролуд ҷамъ шудааст.

Мақомоти ҳокимияти маҳаллии ноҳия тамоми хароҷоти дафни 10 нафарро ба зимма гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG