Ссылки доступа

Русия аз табдили ҷойномҳои Тоҷикистон нигарон аст


Вазорати корҳои хориҷии Русия аз табдили исми кӯчаву хиёбонҳои бозмонда аз Шӯравии собиқ дар пойтахти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки ин кӯча ва хиёбонҳо дар гузашта номи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимону фарҳангиёни Шӯравиро доштанд ва ҳоло бо номҳои асосан тоҷикӣ иваз карда шудаанд.

Ба таъкиди ӯ, ин масъала пӯшиши густурда ва вокунишҳоеро дар расонаҳои маҳаллӣ низ доштааст. "Дидам, ки як гурӯҳ аз таърихшиносони маъруф, аз ҷумла намояндагони созмони ветеранҳо ва гурӯҳи донишҷуён ба боқӣ мондани номи қаблии кӯчаҳо, ки саҳифаҳои рангини таърихи мардуми моянд, таъкид кардаанд. Ба ин далел умед дорам, мақомот фикри шахсиятҳои бонуфуз, назири ветеранҳоро мешунаванд," - афзуд Мария Захарова.

Абдураҳими Зулфониён, сардори раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон иддаои Вазорати корҳои хориҷии Русияро беасос хонд. Ӯ гуфт, ки "иваз кардани номи кӯчаву хиёбонҳо дар чорчӯбаи қонунҳои кишвар анҷом мешавад ва ба маънои миллатчигӣ набуда, балки ба манзури эҳёи арзишҳои миллии мардуми тоҷик аст."

XS
SM
MD
LG