Ссылки доступа

ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ машқҳои ҳарбиро шуруъ карданд


Иёлоти Муттаҳида ва Куриёи Ҷанубӣ 22 август машқҳои низомии ҳарсолаашонро оғоз карданд. Соли ҷорӣ дар машқҳои Ulchi Freedom Guardian (UFG) 25 ҳазор низомии амрикоӣ ва 50 ҳазор низомии Куриёи Ҷанубӣ ширкат мекунанд. Ин машқҳо то 2 сентбяр идома хоҳанд кард.

Президенит Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Хе мегӯяд, "режими Шимол ноустуворӣ ба бор меорад ва эҳтимол он ҷо бетартибӣ сар занад".

Низомиёни Куриёи Шимолӣ гуфтанд, агар Сеул ва Вишнгтон нишоне аз хушунатро ба намоиш бигзоранд, "аз зарбаи фаъолонаи ядроӣ" кор хоҳанд гирифт.

Куриёи Шимолӣ чаҳорумин озмоиши ядроияшро моҳи январи соли ҷорӣ анҷом дод ва ҳам моҳи феврал мушакҳои дурпарвозро партоб кард. СММ зидди Куриёи Шимолӣ таҳримҳои нав эълон кард.

XS
SM
MD
LG