Ссылки доступа

Қирғизистон талаб дорад, ки милисаҳои ӯзбек аз куҳи Унгар-Тоо гирифта шаванд


Ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Ӯзбекистон баъди ҳодисаи ҷойгирсозии милисаҳои ӯзбек дар куҳи Унгар-Тоо - қитъаи баҳсии марзи Қирғизистону Ӯзбекистон, музокира кардаанд.

Ба иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон, намояндагони қирғиз дар робита ба ҷойгирсозии кормандони вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар Унгар-Тоо шарҳ хостааст.

Дар навбати худ ҷониби Ӯзбекистон талаб кардааст, пулиси ӯзбек, ки пештар дар ҳудуди Қирғизистон боздошт шуд, раҳо карда шавад. Ҳамчунин намояндаи марзбонии Ӯзбекистон хостааст, назоратгоҳҳои пулиси Қирғизистон аз атрофи обанбори Орто-Токой бардошта шаванд.

Ҷонибҳо гуфтаанд, ин дархостҳоро ба мақомоти марбутаи кишварҳояшон хоҳанд расонд. Вазъ дар марзи миёни ду кишвар муътадил арёзбӣ мешавад.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки 22 август дар қитъаи баҳсии марзи миёни Қирғизистону Ӯзбекистон чархболҳои МИ-8 Ӯзбекистон 7 корманди ВКД-и ин кишварро фуруд овардааст.

XS
SM
MD
LG