Ссылки доступа

Мақомоти қазоқ гуруҳеро, ки ба теракт омода мешуданд, боздошт карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар вилояти Алмаатои ин кишвар чаҳор аъзои гуруҳи тундгарое, ки мехостанд дар Қазоқистон силсилаи терактҳоро амалӣ кунанд, боздошт шудааст. Боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд.

"Аз боздоштшудаҳо ашёи лозимӣ барои тайёр кардани маводи тарканда ва матлабҳои тундгароёнаи динӣ дарёфт ва мусодира шудааст", - хабар медиҳад КДАМ.

"Нақшаи гуруҳи тандгаро дар мавриди ҳамла ба кормандон ва бахшҳои КДАМ, пулис ва қисмҳои ҳарбӣ безарар гардонида шуд. Ин гуруҳ ният дошт, ки ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон амали террористӣ анҷом диҳад", - омадааст дар хабари мазкур.

5 июн дар Оқтеппаи Қазоқистон ба мағозаи фурӯши силоҳ ва қисми ҳарбӣ ҳамла шуд. Бино бар иттилои ВКД-и Қазоқистон, ҳамлакунандагон аз 27 нафар иборат буданд. Дар ин ҳамлаҳо 20 кас кушта шуданд. 38 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот ҳамлаи моҳи июнро ҳамчун теракт баҳо доданд.

Баъди ҳодисаи Оқтеппа дар Қазоқистон сатҳи "зард"-и хатари террористӣ эълон гардид.

XS
SM
MD
LG