Ссылки доступа

Наворе дар Ютуб дипломати тоҷикро ба қасди таҷовуз айбдор мекунад


Дар шабакаи Ютуб наворе пахш шудааст, ки дар он зоҳиран Туркманистон як дипломати тоҷикро ба қасди таҷовуз ба номуси як духтари, ба гуфтаи ашқобод, "ноболиғ" айбдор мекунад. Ин духтар ҳамчун донишҷӯи курси чаҳорум муаррифӣ шудааст.

Дар ин навор, ки рӯзи 20 август ба Ютуб роҳ ёфтааст, таҳиягарон барои исботи дурустии иддаояшон сабтеро овардаанд, ки гӯиё сӯҳбати телефонии дипломатҳои тоҷик дар Душанбе ва Ишқобод буда, масъалаи "дастгир шудани котиби севуми сафорати Тоҷикистон дар Туркманистонро бо духтаре дар як манзил" баррасӣ мекунанд.

Дар ҳоле ки навор бо рамзҳои телевизиони давлатии Туркманистон нашр шудааст, манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, ин видео дар телевизиони "Ватан" пахш нашудааст ва садои барандаро низ тағйир додаанд.

Ба нақли гӯяндаҳои навор, ки муаллифони гузориш онҳоро дипломатҳои муайяни тоҷик меноманд, ин ҳодиса моҳи июни соли равон сурат гирифта, Душанбеи расмӣ аз Маҳмудҷон Собиров, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон мехоҳад, кишвари мизбонро тарк кунад ва ин бо барканории Собиров аз мақоми сафирӣ дар Туркманистон бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон рост меояд.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон Собировро "ба далели расидани синнаш ба нафақа" аз мақоми сафирии Тоҷикистон дар Туркманистон озод кард ва то ҳол касе ба ҷои вай таъйин нашудааст.

Дар навори мазкур ҳамчунин ҳодисаи дигаре низ зикр мешавад, ки гӯиё моҳи майи соли 2015 мошини дипломатҳои тоҷик бо маводи мухаддир боздошт шудааст ва он замон ҷониби Тоҷикистону Туркманистон ин мавзуъро ба хушӣ ҳал кардаанд.

Муаллифони навор мегӯянд, ин дафъа низ қазия метавонист, ки бо оромӣ ҳал шавад, вале гӯиё хабарро ин дафъа ҷониби Тоҷикистон берун оварда, он дастраси сомонаи мухолифони тоҷик дар хориҷа шудааст.

XS
SM
MD
LG