Ссылки доступа

Гурҷистон: боздошти 7 нафар бо гумони таркондани лӯлаи гази Русия-Арманистон


Департаменти зиддиҷосусии ВКД Гурҷистон 20 август 7 шаҳрванди кишварашро бо гумони кӯшиши амали террористии густарда дастгир кардааст.

Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тифлис Георгий Кобаладзе иттилоъ медиҳад.

Бино ба тасдиқи ВКД Гурҷистон, 5 тани ин афрод ҳангоми гирифтани маводи тарканда ва воситаҳои махсус аз як махфигоҳ дастгир шудаанд, ки мехостанд ба воситаи онҳо хатти стратегии лӯлаи гази Русия-Арманистонро тарконанд.

Як тани дигар бо гумони хабар надодан дар бораи ҷиноят боздошт шуда, нафари ҳафтум корманди пулис аст, ки дар ҳамдастӣ бо гуруҳ айбдор мешавад.

Намояндаи расмии Департаменти зиддиҷосусии Гурҷистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, яке аз боздоштшудаҳо "зуд - зуд ба Украина рафта ва ҳоло маълум нест, ки вай фармони киро иҷро мекардааст".

XS
SM
MD
LG