Ссылки доступа

Ҷузъиёти боздошти шаҳрванди ҶТ бо 141 кило маводи мухаддир


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти як шаҳрванди кишварро бо 141 кило маводи мухаддир дар марзи Озарбойҷон ошкор карданд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, ин нафар Исмоилов Муҳаммадҷон Собирҷоновичи 31-сола буда, зодаи шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор аст.

Манбаъ мегӯяд, вай се моҳ пеш ба Эрон рафта, он ҷо дар яке аз ширкатҳои байналмилалии автомобилӣ ба кор даромада, “вале ҳамзамон бо харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул шудааст".

Ҳафтаи гузашта мақомоти гумруки Озарбойҷон гуфтанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро дар марз бо Эрон боздошт ва аз мошинаш 141 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бозпурсиҳои ибтидоӣ гуфтааст, ки мехост ин миқдор маводи мухаддирро тариқи Озарбойҷон ба Гурҷистон барад.

XS
SM
MD
LG