Ссылки доступа

Муҳокимаи парвандаи раиси рӯзноманигорони Қазоқистон оғоз шуд


Баррасии парвандаи Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон (ИЖҚ) ва писараш Асет - мудири кулли хабаргузории ҚазТАГ имрӯз дар Остона оғоз шуд.

Тавре хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, раиси ИЖҚ ҳамроҳи писараш завлона ба даст дохили толори Додгоҳи №2-и ноҳияи Есили Остона шуда, ба сокиноне, ки имрӯз онҷо ҷамъ омада буданд барои "дастгирияшон" арзи сипос кардааст.

Додраси парванда Акболат Курмантаев гуфтааст, рӯзноманигорон рафти мурофиаро ба воситаи мониторҳое, ки дар утоқи ҳамҷавор насб шудааст, назорат хоҳанд кард, то ба раванди муҳокима халал нарасонанд. Баъди ин додситон Ержан Курманбоев ба қироати айбномааш зидди Матаевҳо пардохтааст.

Сайидқозӣ Матаев 22 феврали соли равон бо гумони аз худ кардани маблағи буҷаи давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз дастгир шуда, 24 феврал ҳукми ҳабси хонагии вайро содир карданд. 28 марти соли равон писараш Асет Матаев низ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Падару писар тамоми ин айбҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, маблағи хисорот бидуни санҷиши комил муайян карда шудааст.

XS
SM
MD
LG