Ссылки доступа

Дар вилояти Растови Русия ангиштканҳо гуруснашинӣ карданд


Ангиштканҳои корхонаи гуруҳии ширкати "Кингкоул" дар вилояти Ростови Русия бо талаби пардохти моҳонаи се моҳи охир гуруснашинӣ эълон карданд.

Моҳонаи коргарон бештар аз 300 миллион рубли русиро ташкил медиҳад, менависад РИА Новости. Дар ин гуруснашинӣ 60 ангишткан ширкат дорад, аммо бештар аз 100 коргар дар интизори моҳона аст.

Ширкати "Кингкоул" чаҳор шахтаро дар ихтиёр дошт, ки акнун кори ҳамаи онҳо манъ шудааст. Роҳбари кулли ширкат Владимир Пожидаев аз 12 август ба ин сӯ ба далели напардохтани моҳонаи кормандон ба ҳабс гирифта шудааст.

Тибқи қонун дар бораи муфлисшавӣ, маоши кормандон баъди фурухтани амволи ширкат пардохт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG