Ссылки доступа

Ҳабси абади як сарбози Русия дар Арманистон


Додгоҳи Арманистон Валерий Пермяков, сарбози русро дар куштори 7 узви як хонавода аз шаҳри Гюмрии ин кишвар айбдор хонда, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Ин сарбози рус дар Арманистон бар пояи моддаи куштори дастаҷамъӣ маҳкум шудааст.

Моҳи августи соли 2015 ӯро додгоҳи гарнизони пойгоҳи низомии Русия дар Гюмрӣ бар пояи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, "гурези мусаллаҳона аз артиш, ғорат ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ" айбдор дониста, 10 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Ин сарбози рус 12 январи соли 2015 бе иҷозат масъулияти навбатдорияшро канор гузошта, силоҳ дар даст вориди шаҳр шуд ва ба яке аз хонаҳои маҳаллии Гюмрӣ дохил гардида, 7 узви хонавода, аз ҷумла ду кӯдакро ҳангоми хобашон ба қатл расонд. Сарбози рус ба гуноҳи худ иқрор шуд.

XS
SM
MD
LG