Ссылки доступа

Вилояти Хатлон аз бунбасти иртиботии Ӯзбекистон раҳо шуд


Роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб рӯзи 24 август мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва ҷавонону фаъолон дар нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани (вокзал) Душанбе ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд.

"Дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Агар роҳи оҳани қаблии Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки бо убури марз 432 километро дар бар мегирифт, акнун дарозии он ҳоло 119 километрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3643 метр, ҳамчунин 8 пул бо дарозии 683 метр бунёд шудааст. Мутахассисон ба ин боваранд, ки даромади солонаи иқтисодии ин тарҳ 46 миллион сомониро дар бар мегирад, ки тибқи пешбиниҳо, давоми даҳ соли оянда ҳама хароҷотеро, ки барои он масраф шудааст, ҷуброн хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, бунёди ин роҳи оҳан вилояти Хатлонро аз инзивои иртибототӣ ва иқтисодӣ раҳо хоҳад кард. Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Ӯзбекистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Тирмиз хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло мувоҷеҳ шуданд. Нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт.

Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG