Ссылки доступа

Ҷакупова: 87 вакилро маҷбур карданд, ки лоиҳаи тағйироти Конститутсияро имзо кунанд


Чолпон Ҷакупова, як вакили порлумони Қирғизистон мегӯяд, "87 вакилро маҷбур карданд, ки зери лоиҳаи тағйирот ба Конститутсия имзо гузоранд".

Ба гуфтаи вай, вакилон бе хондани матни лоиҳа, зери ин ҳуҷҷат имзо гузоштаанд, зеро аз дастгоҳи президент фармони дақиқ расида буд.

"Набояд то абад дурӯғ гуфт. Биёед иқрор шавем, ки 87 вакилро маҷбур карданд, то зери лоиҳа имзо гузоранд. Ман беҳуда напурсидам, ки муаллифи ин "шоҳкорӣ" кист. Агар ин ташаббуси мардумӣ аст, пас порлумон инҷо нақше надорад ва ҷаласаҳои порлумонӣ ҳам набояд баргузор шаванд", - афзудааст вай.

Вай илова кардааст, ки кумитаи назорати шаҳрвандӣ дар муроҷиати худ аз президент хостааст, то аз баргузории раъйпурсӣ даст кашад ва дар таърих ҳамчун роҳбари давлати қолабшикан боқӣ монад.

"Ман бар ин назарам, ки бояд ҳар гуна дастдарозӣ ба Конститутсия - талоши тақвияти қудрат баҳо дода шавад", - мегӯяд Ҷакупова.

XS
SM
MD
LG