Ссылки доступа

Мудири кулли Оҷонсии иттилоот ва нашри Ӯзбекистон боздошт шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Ӯзбекистон мудири куллии Оҷонсии иттилоот ва нашри ин кишвар Амонулло Юнусовро боздошт кард. Бино бар иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Юнусови 57-сола дар таҳхонаи КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Амонулло Юнусов рӯзи душанбеи 22 август боздошт шудааст. Вай дар доираи парвандаи роҳбарияти идораи табъу нашри "Ӯзбекистон"-и назди Оҷонсии иттилоот ва нашри Ӯзбекистон бозпурсӣ мешавад.

Аз ҳудуди 2,5 моҳ қабл дар чопхонаҳои Оҷонсии иттилоот ва нашри Ӯзбекистон тафтиши сартосарӣ шуруъ шудааст. Дар доираи ин тафтишҳо камбуди 2,2 миллиард сӯми ӯзбекӣ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG