Ссылки доступа

Порлумони Тоҷикистон аз афви 12 ҳазор зиндонӣ ҳимоят кард


Порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатияш лоиҳаи қонун "Дар бораи афв"-ро баррасӣ ва қабул кард. Лоиҳаро ба вакилон Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Бино ба ҳисоби ибтидоӣ, ин қонун нисбати 12 ҳазор айбдоршаванда, боздоштшуда ва маҳбус иҷро хоҳад шуд. Бахусус, беш аз 3 ҳазор зиндониро озод ва 4 ҳазор нафари дигарро, ки ҷазои шартӣ гирифтаанд, афв мекунанд.

Занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, беморони гирифтори саратон, бемории дил, сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони рафъи паёмади фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил, соҳибони мукофоти давлатӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ аз гурӯҳи афроде ҳастанд, ки қонуни афви бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нисбаташон иҷро мешавад.

Вакилон пешниҳод карданд, ки бояд вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии кишвар ба масъалаи зиндониёни бемор таваҷҷуҳ намояд ва пас аз раҳоӣ онҳоро ба табобату муолиҷа фаро гирад.

XS
SM
MD
LG