Ссылки доступа

ИМА минтақаҳои марзии Сурия бо Туркияро бомбаборон мекунад


Ҳавопаймоҳои низомии Амрико мавзеъҳои созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро дар минтақаҳои марзии Сурия бо Туркия бомбаборон хоҳанд кард.

Қаблан артиши Туркия бо дастгирии тонку ҳавопаймоҳо марзи Сурияро убур ва амалиёти низомӣ зидди ДИ-ро бо нерӯҳои мусаллаҳи мухолифини ин кишвар оғоз карданд.

Редур Халил, намояндаи расмии Гуруҳҳои худдифои мардумӣ - ҷиноҳи ҳарбии Иттиҳоди демократии курдҳои Сурия дахолати низомии Туркияро дар ин кишвар "таҷовузи ошкоро" хонд.

Анқара бар ин аст, ки Иттиҳоди демократии курдҳои Сурия барои он хатар дорад, чун бо нерӯҳои ҷудоихоҳони курдҳои Туркия дар иртибот аст.

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия аз гуруҳҳои курд, ки ҳамсангари Нерӯҳои демократии Сурияанду ахиран шаҳри Манбиҷ, воқеъ дар соҳили чапи Фуротро ғасб карданд, хост ба тарафи рости соҳил ақибнишинӣ кунанд. Ҷо Байден, ноиби президенти ИМА ҳангоми боздидаш аз Анқара ин дархостро низ аз нерӯҳои курд карда буд.

Бинолӣ Йилдирим, сарвазири Туркия баъди мулоқот бо Байден ташкили минтақаи курднишин дар Сурияро "ғайри қобили қабул" хонд.

XS
SM
MD
LG