Ссылки доступа

Вакили муовини ҲНИТ бо гумони ифшои сирри давлатӣ боздошт шуд


Наздикони Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, пас аз як рӯзи нопадид шудан, ӯ расман боздошт шудааст.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров хабар медиҳад, ки бародараш рӯзи 23 август, баъди як рӯзи нопадид шудан бо онҳо телефонӣ дар тамос шуд ва хабар дод, ки дар бинои Додситонии кулл қарор дорад ва ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе интиқол меёбад.

Хосият Ёрова мегӯяд, дар ин суҳбати телефонӣ Ҷамшед гуфтааст, ки Додситонии кулл ӯро дар интишор додани нусхаи ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати аъзои раёсати ҲНИТ айбдор мекунад. Додситонии кулл дар иртибот ба ин масъала иттилое надодааст ва хабари мазкурро расман тасдиқ ё инкор низ накардааст.

Ба гуфтаи Хосият Ёрова, ки бо такя ба занги кӯтоҳи телефонии бародараш Ҷамшед Ёров суҳбат мекард, алайҳи бародараш бо моддаи 311 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ) айб эълон карда шуд.

Ҷамшед бародари Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси дигар аст, ки ҳоло дар додгоҳ аз рӯи иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ" ва инчунин қаллобӣ посух медиҳад. Худи ӯ аз оғоз ин иттиҳомотро беасос номида рад кардааст.

XS
SM
MD
LG