Ссылки доступа

Фиребгари пулдӯстро аз Москва ба Ӯзбекистон оварданд


Шаҳрванди 36-солаи Ӯзбекистон Садриддин Муҳитдинов барои муҳокимаи парвандаи қаллобии бузург аз Москва ба Ӯзбекистон истирдод шудааст. Вай дар такроран анҷом додани ин ҷиноят гумонбар мешавад.

Муҳиддиновро дар Ӯзбекистон бо он айбдор мекунанд, ки аз апрел то сентябри соли 2013 бовари як ҳамватанашро ба даст оварда, барои иҷора гирифтани мошини вай шартнома мебанданд. Аммо мошинро соҳибӣ карда, ҳаққи иҷораро напардохтааст.

Бо гузашти моҳе аз он ҳодиса, Муҳиддинов як шаҳрванди дигарро фиреб дода, аз вай 6 ҳазор доллари ИМА гирифтааст.

Моҳи феврали соли 2016 нозирони роҳи Москва Муҳитдиновро боздошт карданд. Додситонии кулли Русия тасмим гирифт, ки ӯро ба Ӯзбекистон истирдод кунад.

XS
SM
MD
LG