Ссылки доступа

Эътирози ангиштканони Корхонаи давлатии "Қирғизкомур"


Дар ноҳияи Ҷумгали вилояти Норини Қирғизистон 25 август наздики 70 корманди корхонаи давлатии "Қирғизкомур"-и ин кишвар даст ба тазоҳурот задаанд.

Коргарон талаб доранд, маоши онҳо аз моҳи феврал ба ин сӯ пардохт ва иҷрокунандаи вазифаи директори корхона Талант Бокошев барканор шавад.

Муовини раиси бахши "Қирғизкомур" Оят Сансизбоев тасдиқ мекунад, ки корхона 6 миллион сом (муодили 600 ҳазор сомонӣ)-и маоши кормандонро ҳанӯз пардохт накардааст.

Ба гуфтаи вай, соли 2014 126 тонна ангишт истихроҷ шуда, соли 2015 ин нишондод ба 230 тонна расидааст. Вале имсол ҳанӯз ангишт накандаанд.

Ҳокими ноҳия бо эътирозгарон мулоқот карда, ваъда додааст, ки талаби онҳоро ба ниҳодҳои дахлдор хоҳад расонид.

XS
SM
MD
LG