Ссылки доступа

Дар ҳамла ба Донишгоҳи амрикоии Кобул 13 кас кушта шуд


Дар Кобул дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба Донишгоҳи амрикоии Афғонистон 13 нафар, аз ҷумла ҳафт донишҷӯ кушта шуд. На камтар аз 30 донишҷӯи дигар ва чанде аз кормандони пулис захм бардоштанд. Ду ҳамлагар кушта шудааст.

Ин ҳамла рӯзи чаҳоршанбе рух додааст: ибтидо дар шаҳраки донишгоҳӣ таркиши сахте рух дода, баъдан тирпарронӣ шуруъ шудааст. Донишҷӯён дар хобгоҳҳояшон пинҳон шудааст. Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар навишта, ёрӣ хостанд.

Амалиёти поксозии шаҳрак наздики 10 соат идома кардаст.

Бино бар иттилои пешакии мақомот, дар ҳайати гуруҳи ҳамлагарон маргталабон низ буданд. То кунун масъулияти ин ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.

Донишгоҳи амрикоии Афғонистон аз соли 2006 ба ин сӯ фаъолият мекунад. Феълан дар ин донишгоҳе бештар аз ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Донишгоҳ дар паҳлӯи додситонии кулл ва порлумони Афғонистон бунёд шудааст.

XS
SM
MD
LG