Ссылки доступа

Мақомоти Тоҷикистон шахсияти 516 "ҷиҳодӣ"-ро муайян карданд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шахсияти 516 сокини вилояти Хатлонро, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо фаъолони Хатлон гуфт, ин ҳисобу китоб аз соли 2014 ба ин тарафро дар бар мегирад ва бино ба иттилои онҳо, "инчунин, 164 нафар дастгир шуда, 24 нафар ба кишвар оварда шудаанд".

Президенти Тоҷикистон аз мақомоти интизомии кишвар даъват кард, ки барои коҳиш додани мизони ҷиноят, аз ҷумла пайвастани сокинон ба гуруҳҳои ифротгарову террористӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди 1100 шаҳрванди кишвар ба сафи “Давлати исломӣ” ва гуруҳҳои дигари ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта шудаанд. Мақомот ин тамоюлро барои амнияти кишвар таҳдидзо медонанд.

XS
SM
MD
LG