Ссылки доступа

Туркия курдҳои мухолифи Башор Асадро тирборон кард


Нерӯҳои Туркия, ки 24 август ба Сурия ворид шуданд, рӯзи панҷшанбе мавзеҳои нерӯҳои курдиро дар наздикии шаҳри Ҷароблус тирборон карданд. Ҷароблус дар назорати нерӯҳои мухолифин буд.

Анқара мегӯяд, нерӯҳои курд созишнома дар бораи ақиб бурдани низомиёнро ба соҳили рости дарёи Фурот иҷро намекунанд, аз ҳамин хотир Туркия ҳақ дорад, ки дахолат кунад. Дар ҳамин ҳол котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфтааст, ки курдҳои Сурия қисмати асосии нерӯҳояшонро аз шаҳри Манбиҷ аллакай берун бурдаанд.

Туркия мегӯяд, ҳадафи аслии амалиёташ дар Сурия - танг кардани мавзеҳои гуруҳу тундгарои "Давлати исломӣ" аз наздикиҳои марзаш бо Сурия аст. Бо ин вуҷуд, Анқара курдҳои Сурияро, ки дар сангари мухолифон меҷанганд, душман медонад, зеро - ба бовари Туркия - онҳо бо курдҳои ҷудоихоҳ робита доранд.

XS
SM
MD
LG