Ссылки доступа

Амнияти сейсмикии Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ мешавад


Дар Душанбе ҳамоиши байналхалқии илмии "Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ" оғоз шуд. Дар ин ҳамоиш бештар аз 30 олим аз 16 кишвар ширкат мекунанд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, олимони тоҷик дар ҳамоиш пажуҳишҳои зиёдеро дар бораи зилзилахезии минтақа ва тобоварии сарбандҳои кишвар ба заминларзаҳо муаррифӣ мекунанд.

Дар ҳамоиш масоили амнияти сейсмикии сарбандҳои нирӯгоҳҳои барқӣ – обӣ дар минтақаҳои куҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мутаҳидсозии нируи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати аз байн бурдани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Интизор меравад, дар поёни ин ҳамоиши серӯза Баёнияи муштараки иштирокдорони он ба тасвиб бирасад.

Ҳамоиши мазкур дар ҳоле сурат мегирад, ки талоши Тоҷикистон барои сохтани сарбанди бузурги нерӯгоҳи Роғун ба мухолифатҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, зилзилашиносони Ӯзбекистон борҳо гуфтаанд, ки нерӯгоҳи Роғун дар минтақаи зилзилахез сохта мешавад ва барои тамоми минтақа хатарзо аст. Аммо олимони Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG