Ссылки доступа

Президенти Туркманистон ба Олмон меравад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон 29 август ба Олмон сафар мекунад.

Дар Берлини Олмон вай бо садри аъзами ин кишвар Ангела Меркел, афроди дигари расмӣ ва тоҷирони маҳаллӣ мулоқот хоҳад кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ният доранд, аз ҳукумати Олмон даъват кунанд, ки ба президенти Туркманистон фишор биорад, то ин ки дар ин кишвар вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар шавад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Бердимуҳаммадов 22 август ба Олмон сафар мекунад, аммо бино бар сабабҳои номаълум ин сафар то 29 август ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG