Ссылки доступа

Дар минтақаҳои офатзадаи Италия ҳолати фавқулода эълон шуд


Ҳукумати Италия дар минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ҳолат фавқулодда эълон кард. Дар заминларзае, ки субҳи 24 август дар қисмати марказии Италия рух дод, на камтар аз 250 кас қурбон шуд.

Рӯзи панҷшанбе сарвазири ин кишвар Маттео Рентси хабар дод, ки нахустин бастаи кумакҳо дар ҳаҷми 50 миллион евро ба минтақаҳои офатзада фиристода шудааст. Сарвазир Рентси ҳамчунин гуфт, сокинони зарардида аз пардохти андоз ҳам озод шудаанд. Ба гуфтаи Рентси, маҳалҳои аҳолинишине, ки аз офати табиӣ зарар диданд, аз ҳисоби буҷаи давлат барқарор хоҳанд шуд.

Дар қисмати марказии Италия субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 24 август заминларзае бо нерӯи 6,2 бал рух дод. Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Аматрич (Умбрия) будааст. На камтар аз 250 кас дар ин заминҷунбӣ кушта шуд. 215 тани дигар наҷот ёфта, 365 кас ҷароҳат бардоштаанд. Шумори дақиқи гумшудаҳо ва ё онҳое, ки зери харобаҳо мондаанд, ҳанӯз дақиқ нест. Ҳазор тани дигар ба хун эҳтиёҷ доранд ва шабро дар хаймаҳо ва ё мошинҳо ба сар мебаранд.

Наздики 6 ҳазор наҷотдиҳанда дар корҳои наҷотдиҳии шабонарӯзӣ ширкат мекунанд. Ин заминларза ҳамчунин ба 293 иншооти мероси фарҳангиву таърихӣ зарар расонидааст.

XS
SM
MD
LG