Ссылки доступа

Ислом Каримов дар беморхона бистарӣ шудааст


Девони вазирони Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки Ислом Каримов, президенти ин кишвар дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳукумати Ӯзбекистон бори аввал аст, ки дар бораи саломатии Ислом Каримови 78-сола хабар медиҳад. Каримов 25 соли охир зимоми роҳбарии Ӯзбекистонро дар даст дорад.

Тавре девони вазирони он кишвар иттилоъ медиҳад, президент Ислом Каримов "дар беморхона бистарӣ шудааст" ва "барои ташхиси комил ва табобати президент вақти муайяне лозим аст". Ҳукумати Ӯзбекистон баъди паҳн шудани овозаҳои зидду нақиз дар бораи саломатии Ислом Каримов ин хабарро нашр кард.

Ҳамасола 31 август Ислом Каримов дар маросимҳои ҷашнии Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон ширкат мекунад. Аммо маълум нест, ки Каримов дар ҷашни имсола ширкат хоҳад кард ё на.

XS
SM
MD
LG