Ссылки доступа

Ҷасади рӯзноманигори рус Александр Шетинин дар Киев пайдо шуд


Дар шаҳри Киеви Украина рӯзноманигори рус, муассиси хабаргузории "Минтақаи нав" ("Новый регион") Александр Шетинин дар манзили зисташ мурда дарёфт шудааст, хабар медиҳад пулиси Украина.

Ҷасади Шетининро дӯстонаш, ки барои табрики зодрӯзи вай омада буданд, пайдо кардаанд. Шетинин рӯи миз нишаста ва дар сараш захми тир дида шудааст. Зери миз таппончае пайдо шудааст.

Муфаттишон ин парвандаро ҳамчун худкушӣ баррасӣ мекунанд. Ахиран Шетинин тавассути почтаи электорӣ ба яке аз наздиконаш нома фиристода, хабар додааст, ки қасди худкушӣ дорад.

Шетинин "Минтақаи нав"-ро ҳудуди 20 сол пеш таъсис дода ва то моҳи феврали соли 2014 дар ин хабаргузорӣ ба ҳайси сармуҳаррир кор мекард. Ба далели танқиди доимӣ аз сиёсатҳои Кремл Шетинин зери фишор қарор дошт. Ба ҳамин хотир вай аз сармуҳарририи хабаргузорӣ канор рафта буд.

XS
SM
MD
LG