Ссылки доступа

Дар шимоли Сурия даҳҳо сокин қурбони ҷангҳо шуданд


Ҷангҳои артиши Туркия зидди ҷиҳодиён ва шӯришгарони курд дар шимоли Сурия ҷони даҳҳо сокини осоиштаро рабудаанд.

Дар ин бора расонаҳои хабарии Фаронса 28 август бо истинод ба Маркази назорати нақзи ҳуқуқи инсони Сурия иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар натиҷаи тирборон шудани деҳаи Ҷеб ал-Кусса аз сӯи низомиёни турк дасти кам 20 сокини осоишта кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба ҳисоби низомиёни Туркия, теъдоди қурбониёни ҷониби душман ба 25 нафар мерасад. Тавре телевизиони NTV-и Туркия иттилоъ медиҳад, тӯбхона ва нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба мавзеъҳои "Гуруҳи мардумии худдифоъ" шабохун задаанд.

Ин гуруҳи курдҳоро Анқара "террористӣ" эълон кардааст. Аммо ИМА онҳоро ҳамчун муборизони муассири зидди ҷиҳодиён медонад.

XS
SM
MD
LG