Ссылки доступа

Ҷамшед Ёров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд


Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили дигари низ боздоштшудаи ҲНИТ, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Дар ин бора хонаводаи Ёров иттилоъ доданд. Қарори ҳабси Ёров нимаи дувуми 26 августи соли равон дар боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хонда шудааст.

То ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабари боздошт ва айбномаи худ зидди Ҷамшед Ёровро расман эълон накардаанд.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед гуфт, зидди бародараш бар пояи моддаи 311, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Моддаи мазкури Кодекси ҷиноии кишвар се сол маҳрум шудан аз озодӣ ва ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад. Агар ин амал боиси сар задани оқибатҳои вазнин шавад, айбдоршаванда аз панҷ то даҳ сол зиндонӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG