Ссылки доступа

Ҷасади 14 шаҳрванди Қирғизистон имрӯз аз Русия оварда мешавад


Ҷасади 14 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар натиҷаи як сӯхтор 27 августи соли равон дар шаҳри Москва ҷон доданд, имрӯз ба ватан интиқол дода мешавад.

Дар ин бора сафорати Қирғизистон дар Русия хабар медиҳад. Дар сафорат масъалаи ташкил ва интиқоли ҷасади қурбониён ва расонидани кумак ба пайвандонашон баррасӣ шудааст.

Болот Отунбаев, сафири Қирғизистон дар Русия гуфтааст, тамоми ҳуҷатҳои лозимӣ барои интиқоли ҷасадҳо омода ва рӯйхати ҳайати ҳамроҳикунанда низ тартиб дода шудааст.

Сокинони Москва бо гузоштани гулу равшан намудани шамъ дар назди сафорати Қирғизистон ба наздикону пайвандони қурбониёни оташсӯзии анбори нашриёт ҳамдардӣ баён мекунанд. Ёдрас мешавем, ки анбори нашриёте дар пойтахти Русия 27 август оташ гирифта, дар натиҷа 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон доданд. Рӯзи 29 август дар Қирғизистон мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG