Ссылки доступа

Аз манзили хазинадори "Аҳмадбой" ду мошин пул бурданд


Мақомоти қудратии Ӯзбекистон дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи "пирамидаи молӣ"-и соҳибкор Аҳмад Турсунбоев (мулаққаб ба Аҳмадбой), аз манзили хазинадори вай пули зиёди милливу хориҷиро мусодира кардаанд.

Мақомот мегӯянд, ин пулҳоро 26 август аз як чоҳи 4-метра дар ҳавлии хазинадори Аҳмадбой пайдо кардаанд.

Аҳмад Турсунбоеви 38-сола, бунёдгузори чанд ширкати тиҷоратӣ, ки аз мардум бо ваъдаи пардохти фоидаи солонаи 100-дарсадӣ пул мегирифт, 15 июн бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ боздошт шуд

Дар як гузориши телевизионӣ Аҳмад Турсунбоев ба айбҳояш иқрор шуд ва аз муштариҳояш узр хост.

XS
SM
MD
LG