Ссылки доступа

Қазоқистон бо $240,3 миллион низоми нақлиёташро замонавӣ мекунад


Бонки осиёии рушд барои "замонавӣ кардан"-и низоми нақлиёти Қазоқистон 240,3 миллион доллар қарз ҷудо мекунад. Дар ин бора сомонаи бонки мазкур рӯзи душанбе иттилоъ додааст.

Қарор аст, бо ин қарз наздики 300 километр қитъаи харобшудаи роҳи Оқтеппа - Макат, воқеъ дар ғарби Қазоқистон барқарор шавад, ки бахши долони транзитии Транс-Хазар ба ҳисоб рафта, ин кишварро бо Озарбойҷон, аз қисмати ғарб бо Аврупо ва аз шимолу ҷануб бо Русияву Туркманистон мепайвандад.

"Ҳамчунин бояд барои "баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ ва фоиданокии ҳамлу нақл" низоми замонавии иттилоотии нақлиёт роҳандозӣ карда шавад", - афзудааст манбаъ.

Дар доираи лоиҳаи мазкур равуои нақлиётӣ миёни шаҳрҳои Остона, Оқтеппа ва Атирау ба роҳ монда шуда, бандари байналмилалию тиҷоратии ин кишвар дар Актау бунёд хоҳад шуд.

Дар изҳороти Бонки осиёии рушд гуфта шудааст, ки маҳдудиятҳои инфрасохтории мавҷуд дар Қазоқистон ба сарфи назарраси вақту нақлиёт сабаб шуда, монеи дастрасии ин кишвар ба бозорҳои хориҷӣ мешаванд.

"Беҳтар гардидани равуои нақлиётӣ равобити тиҷории Қазоқистон бо бозорҳои Осиёи Шарқӣ, минтақаи баҳри Хазар ва Аврупоро афзоиш хоҳад дод", - таъкид шудааст дар иттилоияи бонк.

XS
SM
MD
LG