Ссылки доступа

Теҳрон мушаки С-300-ро дар наздикии иншооти ҳастаӣ ҷо кард


Мақомоти Эрон хабар медиҳанд, ки системаи нави мушакии дурпарвози истеҳсоли Русияро барои ҳифзи иншооти ҳастаии Фарду дар наздикии он ҷойгир кардаанд.

Генерал Фарзод Исмоилӣ, фармондеҳи нерӯҳи ҳавоии Эрон мегӯяд, феълан ҳарими ҳавоии кишвараш "яке аз амнтаринҳо дар минтақа" аст.

Дар наворе, ки телевизионҳои давлатии Эрон нишон доданд, маҷмааи мушакии С-300 дар наздикии Фарду дида мешавад. Раҳбари маънавии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ мегӯяд, мушакҳои С-300 системаи дифоӣ ҳастанд, на ҳуҷумкунанда.

Фарду дар минтақаи куҳии шаҳри Қум бунёд шудааст. Ғанисозии уран дар ин корхона мебоист тибқи созишномаи ҳастаии байни Теҳрону шаш қудрати ҷаҳонӣ қатъ мешуд.

XS
SM
MD
LG