Ссылки доступа

ДИ масъулияти таркиши Яманро ба дӯш гирифт


Дар пайи таркиши мошини минкоришуда дар шаҳри Адни Яман дасти кам 45 кас кушта ва ҳадди ақал 60 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Ин мошинро террористи маргталаб сӯи урдугоҳи шӯришиён рондааст. Дар ин бора созмони Табибони бидуни марз хабар мадиҳад.

Масъулияти таркишро гуруҳи "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифтааст.

"Давлати исломӣ" бо истифода аз ҷанги шаҳрвандии 18-моҳа дар Яман, ба мансабдорон, руҳониён ва низомиёни ин кишвар ҳамла мекунад.

Манбаъе аз мақомоти қудратии Яман хабар медиҳад, ки таркиши ахири ДИ мактаберо, ки дар он шӯришиёни ҷонибдори президент Абдурабб Мансур Ҳодӣ лаҳзаи ҳамла машғули ғизохӯрӣ буданд, ҳадаф дошт.

XS
SM
MD
LG