Ссылки доступа

Канда шудани пирях чанд хонаро дар Тоҷикобод вайрон кард (видео)


Сел дар Тоҷикобод даҳ манзили сокинони деҳаи Капалии ин ноҳияро вайрон карда, чанд чорво ва мошинро бурдааст.

Мақомоти ин ноҳия дар шарқи Тоҷикистон гуфтанд, ки сел нисфирӯзии 28 август, баъди чаппа шудани як бахши азими пирях аз қаторкӯҳҳои "Пётри як" омадаааст.

Тоҳир Устоев, раҳбари дастгоҳи ҳукумати Тоҷикобод рӯзи душанбе гуфт, як комиссияи махсус ҳаҷми хисороти ин офати табииро муайян мекунанд.

Хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи чаппа шудани пирях оби рӯдхонаи Шӯрак боло шуда, пули байни деҳаҳои Фатҳободу Шӯроби ноҳияи Тоҷикободро низ вайрон кардааст. Дар ҳоли ҳозир воҳидҳои низомии кумита сокинонро ба ҷойҳои бехавф мекучонанд.

XS
SM
MD
LG