Ссылки доступа

Барканории аккоси Вазорати дифои Украина баъди "сохтакорӣ"


Степан Полторак, вазири дифои Украина аккос ва мушовири ихтиёрии худ Дмитрий Муравскийро баъди моҷарое атрофи як аксаш аз кор ронд.

"Украина дар ҷанг зидди таҷовузкориҳои Русия, аз ҷумла зимни мубориза бо таблиғоти ин кишвар ҳамеша пойбанди ҳақиқату шафофият буд", - омадааст дар изҳороти расмии вазорати дифои Украина.

Моҷаро замоне сар зад, ки акси "Оташбас дар Широкино"-и вай миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Украина бо вокунишҳо рӯбарӯ шуд. Дар ин акс ду сарбози украинӣ ҳамхизмати худро, ки аз қисмати пояш захмӣ шудааст, бардошта, аз маҳалли таркише фирор мекунанд ва дар тарафи чапи сарбозон аробачаи кудаконае қарор дорад.

Як гуруҳи 18 нафарии аккосони Украина, ки бештарашон дар хати пеши ҷабҳа кор кардаанд, бо нашри як гузориш воқеӣ будани аксро зери шубҳа қарор дода, гуфтанд, ки он сохта аст. Ин гуруҳи аккосон изҳор доштанд, ки зидди аксҳои сохта нестанд, танҳо мехоҳанд, ки муаллифон мустанадӣ ё сохта будани кори худро дақиқ зикр кунанд.

Сарбозони Украина чи гуна таҳия шудани ин аксро муфассал баён карданд.

XS
SM
MD
LG