Ссылки доступа

ИМА аз Русия мехоҳад, муовини раиси маҷлиси тоторҳои Қримро озод кунад


Департаменти давлатии ИМА аз Русия даъват кард, ки муовини раиси маҷлиси тоторҳои Қрим Илми Умеровро аз беморхонаи касалиҳои руҳӣ мураххас кунад. Умеров ҳафтаи дувум аст, ки сарфи назар аз бадшавии сиҳатиаш, дар ин беморхона нигаҳдорӣ мешавад.

Муовини раиси маҷлиси тоторҳоро 18 август аз шуъбаи кардиологии яке аз беморхонаҳои Симферопол барои анҷоми ташхис маҷбуран ба дармонгоҳи равонӣ бурдаанд.

"Таҷрибаи зиндонӣ кардани мухолифон дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ моро ба ташвиш меорад", - мегӯяд намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби.

Мақомоти Қрими ғасбшуда Илми Умерови 59-соларо айбдор мекунанд, ки вай ба ҷудоихоҳӣ даъват кардааст. Мақомот мегӯянд, дар ин гуфтаҳои вай: "бояд Русияро маҷбур кард, ки аз Қрим ва Донбасс берун равад", ки тавассути расонаҳо садо дод, даъват ба ҷудоихоҳӣ ҷо дорад.

Пештар аз ин Иттиҳоди Аврупо, созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқии Human Rights Watch ва порлумони Украина низ озодии Илми Умеровро талаб карда буданд.

XS
SM
MD
LG