Ссылки доступа

Бишкек: таркиш дар назди сафорати Чин (видео)


Дар ҳудуди сафорати Чин, воқеъ дар ҷануби шаҳри Бишкеки Қирғизистон таркише рух додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мегӯянд, маргталабе бо мошин худро дар назди дарвози сафорати Чин таркондааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин таркиш як нафар куштаву се тани дигар захмӣ шудаанд, ки миёнашон ду шаҳрванди Қирғизистон ҳам ҳаст.

Масъулини вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, захмиён писарбачаҳои 17-сола буда, ба ҳайси боғбон дар сафорат кор мекардаанд. Кормандони пулис мегӯянд, маргталаб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, таҳқиқи таркиш ҳанӯз идома дорад.

Мақомот мегӯянд, баъди ҳодисаи таркиш чораҳои амниятӣ дар Қирғизистон пурзӯр хоҳад шуд.

Взрыв в Посольстве Китая в Кыргызстане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:56 0:00

XS
SM
MD
LG