Ссылки доступа

Раиси рӯзноманигорони Қазоқистон дубора бистарӣ шудааст


Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон (ИЖҚ), ки дар ҳабси хонагӣ аст, ба иллати бад шудани вазъи саломатияш дубора аз толори додгоҳ ба беморхона интиқол ёфтааст.

Хабаргузории КазТАГ бо истинод ба вакили дифоъ Андрей Петров иттилоъ медиҳад, ки Матаев баъди эълони танаффуси нисфирӯзӣ дар додгоҳ бистарӣ шудааст. "Фишори хунаш 230 дар 110 аст", - менависад КазТАК.

Парвандаи Сайидқозӣ Матаев ва писараш Асетро додгоҳи ноҳиявии шаҳри Остона баррасӣ мекунад. Дар мурофиаи рӯзи 23 август вазъи саломатии раиси ИЖҚ низ бад ва бистарӣ шуда буд. Мурофиаи навбатиро барои чанд рӯз ба таъхир гузоштаанд.

Сайидқозӣ Матаев 24 феврали соли равон бо гумони аз худ кардани пули буҷаи давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. 28 март писараш Асет Матаев, мудири кулли хабаргузории КазТАГ низ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Падару писар тамоми айбҳоро рад мекунанд.

Моҳи май айбномаи раиси ИЖҚ-ро ба моддаи сабуктаре тағйир доданд. Дар робита ба парвандаи писараш низ ин гуна тасмим гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG