Ссылки доступа

Украина мавҷудияти зиндонҳои махфиро рад мекунад


Хадамоти амнияти Украина хабари созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқро дар бораи мавҷудияти "зиндонҳои махфӣ", ки онҷо афроди гумонбар ба ҷудоихоҳиро нигаҳ медоранд, рад мекунад.

Александр Ткачук, намояндаи Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, хабари созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар бораи мавҷудияти "зиндони махфӣ" дар Харков "воқеият надорад". Сарфи назар аз ин, Ткачук афзудааст, ки иттилоъ санҷида хоҳад шуд.

Amnesty International ва Human Rights Watch дар як мактуби муштарак унвонии додситонии ҳарбии Украина навиштанд, ки ҳадди ақал 5 нафар дар шуъбаи хадамоти амнияти Харков нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, 13 тани дигар, ки онҳо низ махфиёна нигаҳдорӣ мешуданд, баъди нашри гузориши ин ду созмон дар бораи "зиндонҳои махфӣ", ки 21 нашр шуд, раҳо шуданд.

XS
SM
MD
LG