Ссылки доступа

Омӯзгоре дар Қазоқистон мавқеи шаҳрвандиашро дар додгоҳ ҳимоят мекунад


Дар ноҳияи Қарасойи Қазоқистон додгоҳ даъвои омӯзгори мактаби миёна Айман Сагидуллоеваро зидди мудири мактаб Бекҷон Нусипбеков баррасӣ мекунад. Мудири нисбати омӯзгор чанд муҷозот таъйин кардааст.

Омӯзгори мактаб шикоят мекунад, ки "барои фаъолияти шаҳрвандӣ фишораш овардаанд ва рафторҳои ӯро дар ҷаласаи ғайриқонунии оқсақолҳо муҳокима кардаанд". Даъвогар мегӯяд, масълаи "интизом"-и ӯро аъзои шӯрои оқсақолҳо баррасӣ кардаанд ва дар асоси тавсияҳои ин шӯро мудири мактаб ба омӯзгор танбеҳ таъийн кардааст.

Бино бар гуфтаи оқсақолон, омӯзгор Айман ба баргузории шанбегиҳо, ҷамъоварии маблағ барои харидани чиптаи консертҳо мухолифат варзидааст. "Шанбегиҳо барои тозагӣ лозиманд. Мо гуфтем, ки худи мактаб тасмим мегирад, ки чанд бор шанбегӣ баргузор кунад. Дар ҷаласаи оқсақолон Айман чанд маротиба толорро тарк кард, бо касе тамос гирифт, шикоят кард. Мо ин рафторро аз ҷониби вай ҳамчун беадабӣ баҳо додем", - мегӯяд яке аз оқсақолони қазоқ.

Даъвогар Айман Сагидуллоева мегӯяд, ҳатмӣ нест, ки омӯзгорон дар ҷаласаи шӯрои оқсақолон ширкат кунанд ва ҳам изҳороте, ки дар асоси чунин ҷаласа эълон шудааст, ғайриқонунӣ аст. Вай меафзояд, мудири мактаб давоми панҷ рӯз нисбати вай даҳ санади айбдоркунанда қабул кардааст.

Намояндаи муътамади омӯзгори даъвогар Марҷон Аспандиёрова бар ин назар аст, ки Айманро барои мухолифат варзиданаш ба фурухтан ва ба иҷора додани замин ба хориҷиҳо таъқиб мекунанд.

XS
SM
MD
LG