Ссылки доступа

ИМА барои ёфтани Гулмурод Ҳалимов 3 миллион $ ваъда кард (видео)


ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ваъда кардааст. Ин нуктаро Курт Райз, ёвари котиби давлатии Амрико оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳо, 30 август зимни нишасти матбуотии телефонӣ аз Вашингтон баён кардааст.

"Подош дар доираи барномаи "Мукофот барои адолат", ки аз сӯи Бюрои бехатарии дипломатии Департаменти давлатӣ амалӣ мешавад, дода хоҳад шуд. Шахсоне, ки дар бораи Ҳалимов иттилоъ доранд, метавонанд ба наздиктарин сафорати ИМА муроҷиат ё маълумотро ба почтаи электронии ниҳодҳои дипломатии Амрико ирсол кунанд", - гуфтааст вай.

Ба гуфтаи Райз, полковники пешини нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон "снайпери низомӣ буд ва солҳои 2003-2014 дар давраҳои омӯзишии мубориза зидди терроризм иштирок кардааст.

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори ВКД Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ба “Давлати исломӣ” пайвастааст.

XS
SM
MD
LG