Ссылки доступа

Боздошти аъзои гуруҳҳои тундрав дар Қазоқистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) хабар медиҳад, ки беш аз 20 узви эҳтимолии гуруҳҳои тундравро дастгир кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аз 12 то 30 августи соли равон дар вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ ва Оқтеппа фаъолияти се гуруҳи тундрав ошкор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, бо қарори додгоҳ дар Қазоқистони Ҷанубӣ 10 нафар ва дар Оқтеппа 11 танро ҳабс кардаанд.

"Дар натиҷа аз кӯшиши ҳамлаи тундравон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва анҷоми амалиёти террористӣ миёни анбуҳи одамон пешгирӣ шуд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ-и Қазоқистон.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳангоми кофтукоби манзили зисти боздоштшудаҳо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи таркандаи худсохт ва матолиби дорои хусусияти экстремистӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбати дастгиршудаҳо бар пояи моддаҳои "Барангехтани адовати динию иҷтимоӣ" ва "Таблиғи терроризм ё даъвати оммавӣ барои анҷоми амалиёти террористӣ" тафтишот оғоз гардидааст.

XS
SM
MD
LG