Ссылки доступа

Духтари Ислом Каримов мардумро барои "дуои шифо" сипос гуфт


Духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Лола Каримова-Тилоева дар саҳифаи фейсбукиаш аз мардум ба хотири дуояшон дар ҳаққи падараш изҳори ташаккур кардааст. Вай гуфтааст, дуои мардум барои шифо ёфтани падараш "асар дорад".

Лола ҳамватанонашро ба Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон табрик гуфта, афзудааст, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳое, ки ба хотири шифоёбии падараш дуои хайр карданд, таманнои нек намуданд, самимона сипос мегӯяд.

"Дуоҳои шумо барои мо аҳамияти зиёд дорад ва ман бовар дорам, ин нерӯи бузурги накуӣ, ки аз умқи қалби шумо берун омадааст, дар шифо бахшидан ба вай асар мегузорад. Ташаккури зиёд!", - омадааст дар навиштаи Лола.

Хабари нахустин дар бораи бистарӣ шудани Ислом Каримов рӯзи якшанбеи 28 август нашр шуд. Рӯзи душанбеи 29 август Лола Каримова дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки падараш баъди хунрезии мағзӣ дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ аст.

Манбаъҳои расмӣ дар бораи саломатии президент шарҳи дигаре надоданд. Аммо бархе расонаҳо бо такя ба монбеи худ навиштанд, ки Ислом Каримов фавт кардааст. Баъдан дастгоҳи президенти Ӯзбекистон ин хабарро рад кард.

XS
SM
MD
LG