Ссылки доступа

Беш аз 500 зиндонӣ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуданд


Давоми ду рӯзи охир аз зиндони занонаи Норак ва маҳбаси Ёвон беш аз 500 зиндонӣ озод шуда, ба қавли мақомоти Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ, ба назди хонаводаашон баргаштаанд.

Як манбаъ дар Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, раҳоии ин гуруҳи маҳбусон бар асоси қонуни афв сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз маҳбаси занона дар Норак ҳудуди 130 зан ва аз зиндони Ёвон беш аз 400 маҳбус озод шудаанд. Инчунин, аз муаасисаи тарбиявии ноболиғон ё маҳбаси ноболиғон теъдоди хурдсолону наврасон ба озодӣ баромадаанд.

Қонуни афвро дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон президент пешниҳод ва ҳафтаи гузашта вакилони порлумон тасвиб карданд. Бар пояи ин қонун, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида хоҳад шуд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон пештар гуфта буд, "онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои "муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат" содир кардаанд, афв нахоҳанд шуд".

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, қонун "Дар бораи афв" нисбат ба афроде, ки дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор дошта ва берун аз кишвар ба сар мебаранд (ба истиснои онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд), низ татбиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG