Ссылки доступа

Ҳамсари Саидқозӣ Матаев нигарони саломатии шавҳараш аст


Ҳамсари раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев, ки дар дӯздии маблағҳои буҷа ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор мешавад, аз додситони кулли Қазоқистон хост, ба марги шавҳари вай роҳ надиҳад.

Дар муроҷиати интернетие Баён Рамазонова, ҳамсари Саидқозӣ Матаев мегӯяд, нигарони саломатии шавҳараш аст.

"Ҳамаи таҳқиқу муҳокимаи додгоҳӣ бар асоси айбномаи дурӯғин нисбати шавҳари ман маро ба ин фикр меорад, ки ҳадафи аслии ин амалҳо ба марг расонидани Саидқозӣ аст", - мегӯяд Рамазонова. Ба гуфтаи вай, айбнома ва туҳматномаҳо Саидқозӣ Матаевро ба беморӣ гирифтор кардаанд.

Сайидқозӣ Матаев 24 феврали соли равон бо гумони аз худ кардани пули буҷаи давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. 28 март писараш Асет Матаев, мудири кулли хабаргузории КазТАГ низ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Падару писар тамоми айбҳоро рад мекунанд.

Моҳи май айбномаи раиси ИЖҚ-ро ба моддаи сабуктаре тағйир доданд. Дар робита ба парвандаи писараш низ ин гуна тасмим гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG