Ссылки доступа

Марзбонони Ӯзбекистону Қирғизистон минтақаҳои баҳсиро таҳқиқ карданд


Гуруҳҳои кории ҳукумати Қирғизистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузории хати марз аз 24 то 29 августи соли равон дар минтақаҳои алоҳидаи сарҳадии ду кишвар таҳқиқи саҳроии муштаракро баргузор карданд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар натиҷаи мулоқот ва гуфтушуниди ҳайатҳои ду ҷониб протоколи муштараке имзо шуд.

"Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар оянда низ барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли қобили қабули мушкилиҳои мавҷуд дар хати марз таҳқиқҳои саҳроии сарҳадиро идома диҳанд", - афзудааст ВКХ Ӯзбекистон.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон навиштааст, ки "мулоқот дар руҳияи созандаву фазои дӯстона баргузор шуд".

XS
SM
MD
LG