Ссылки доступа

Сенати Бразилия президент Русефро ба истеъфо фиристод


Сенати федеролии Бразилия бо бештари оро президент Дилма Русефро ба истеъфо фиристод.

Ба иттилои нашрияи бритониёии Guardian, дар раъйгирии кушода 81 узви Сенат иштирок карданд, ки 61 танашон ба ҷонибдорӣ аз истеъфои Русеф овоз додаанд.

Раҳбарии Бразилия то охирҳои соли 2018 ба зиммаи Мишел Темер, ноиби президенти ин кишвар гузошта шуд. Русеф аз соли 2011 инҷониб курсии президентии Бразилияро дар ихтиёр дошт ва 12 майи соли равон муваққатан аз вазифааш барканор шуд.

Дилма Русефро дар ришвахорӣ ва пинҳон кардани вазъи буҷаи федеролӣ барои беҳтар гардидани имкониятҳои пирӯзияш дар интихоботи соли 2014 айбдор мекунанд. Худи президенти пешини Бразилия ин айбҳоро рад карда, онро "як тавтеъа барои табаддулоти давлатӣ" хонд.

XS
SM
MD
LG